Ссылки доступа

Парвандаи мудири пешини бунёди расонаҳои мустақил дар Тошканд пушти дарҳои баста ҷараён дорад


Дар додгоҳи ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баррасии парвандаи ҷиноии роҳбари пешини Бунёди пуштибонӣ аз расонаҳои мустақил Саид-Абдулазиз Юсупов пушти дарҳои баста баргузор мегардад.

Саид-Абдулазиз Юсупов дар "дуздӣ бо роҳи азхудсозӣ ва ё масрафсозӣ", "қаллобӣ", "порадиҳӣ" ва "шарикӣ дар ҷиноят" айбдор мешавад.

Юсупови 37-сола 10 майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Бародари вай 12 май муроҷиатномаи видеоиеро ба президенти Ӯзбекистон нашр кард.

Бародари Юсупов он замон гуфта буд, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати Саид-Абдулазиз ба фаъолиятҳои рӯзноманигориаш рабт дорад.

XS
SM
MD
LG