Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон қонун дар бораи неруи сулҳомези ҳастаӣ қабул шуд


Дар Ӯзбекистон қонун "Дар бораи истифодаи неруи ҳастаии сулҳомез" қабул шуд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон 11 сентябр хабар доданд.

Қонуни мазкур тартиби воридот ва содироти неруи ҳастаиро муайян мекунад. Ин қонун ҳамчунин истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ ва дигар навъи василаҳои таркандаи ҳастаиро манъ мекунад. Ба иттилои мақомоти Ӯзбекистон, иншооти ҳастаӣ дар ихтиёр давлат ва ё дар ихтиёри шахсони ҳуқуқие қарор дода мешаванд, ки аз сӯи президент таъйин шудаанд.

Моҳи декабри соли 2017 ширкати давлатии "Ростатом"-и Русия бо Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ дар бахши энержии атомиро имзо кард. Соли 2018 бо қарори президенти Ӯзбекистон оҷонси рушди энержии атомии "Ӯзатом" таъсис шуд.

Қарор аст, дар Ӯзбекистон неругоҳи муштараки ҳастаӣ бо Русия сохта шавад.

Ӯзбекистон аз рӯи захираи уран дар ҷаҳон дар мақоми 7 қарор дорад.

XS
SM
MD
LG