"Тарҳи RMB Connect имкон медиҳад, ки сармоягузорӣ бо июн роҳандозӣ шавад. Бовар дорам ин тарҳ барои густарда шудани юани чинӣ саҳми бузурге хоҳад гузошт", - гуфт Тоқаев. Вай ҳамчунин афзуд, ҳамкориҳои Қазоқистону Чин дар самти молӣ ояндаи дурахшонеро таъмин месозанд.
Мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ки дар поёни гуфтугӯҳои Тоқаев бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин рӯзи 11 сентябр дар Пекин 11 ҳуҷҷат дар самти ҳамкориҳои кишоварзӣ, гумрукӣ ва технологӣ имзо шуд.
Тоқаев ҳамчунин дар Пекин гуфт, ки Чин "ба яке аз бузургтарин шарикони тиҷорӣ ва иқтисодии Қазоқистон" табдил шудааст.
Ба иттилои расмӣ, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли гузашта 12 миллиард долларро ташкил додааст.