Ссылки доступа

Ӯзбекистон истихроҷи нафт ва истеҳсоли бензинро коҳиш дод


Истеҳсоли бензин дар Ӯзбекистон дар соли ҷорӣ нисбати соли гузашта 11,1% кам шудааст.

Ба иттилои Кумитаи омори он кишвар, дар моҳҳои январ-авгсути соли гузашта 764,1 ҳазор тона бензин истеҳсол шуда буд. Дар ҳамин давраи соли ҷорӣ ин нишондод ба 679,5 ҳазор тона расидааст.

Кумитаи омори Ӯзбекистон ҳамчунин дар моҳи феврали соли ҷорӣ хабар дода буд, ки истеҳсоли бензин дар моҳи январи соли 2019 нисбати моҳи январи соли гузашта 31,8 дарсад кам гардидааст.

Истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ ҳам нисбати соли 2018 4 дарсад кам ва 701 200 тонаро ташкил додааст.

Дар моҳҳои январ-августи соли 2018 истихроҷи нафт қариб ба 500 ҳазор тона расида буд, соли ҷорӣ ба 467 200 ҳазор расида, 6,5 дарсад камтар шудааст.

XS
SM
MD
LG