Ссылки доступа

Вазир: Қазоқистон аз хисороти бозори нафти Арабистони Саудӣ сӯистифода намекунад


Канат Бозумбоев, вазири энержии Қазоқистон гуфт, кишвараш талош надорад, ки аз хисороти бозори нафти Арабистони Саудӣ ба нафъи худ истифода кунад.

"Ғайриахлоқист, ки бигӯем, Қазоқистон аз мушкили ҳамкорони саудии худ сӯистифода мекунад. Панҷ миллион бушка нафт дар рӯз ба бозор ворид намешавад? Маҷмуи иқтидори истихроҷи Қазоқистон дар рӯзи 1,8 миллион бушка аст. Мо ҳарчанд талош кунем, наметавонем ин холигиро пур созем", - гуфт вазир рӯзи 26 сентябр.

Ҳафтаи гузашта расонаҳо аз қавли вазири нафти Умон Муҳаммад Румҳӣ навиштанд, ки бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, масъулиятҳои коҳиш додани истихроҷи нафтро иҷро намекунанд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар он кишвар рӯзона то 1,79 миллион бушка нафт истихроҷ шудааст. Ин наздики 64 бушка камтар аз ҳаҷмест, ки Қазоқистон ба истихроҷи он дар доираи созишномаи ОПЕК+ ҳақ дорад.

Ширкати Aramco-и Арабистони Саудӣ хабар дод, дар натиҷаи ҳамлаи 14 сентябр ба корхонаҳои полоиши нафташ истихроҷи нафтро рӯзона 5,7 миллион бушка кам кард. Арабистони Саудӣ наздики 10 дарсади нафти дунёро таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG