"Кормандони пулис бо мошинҳо бино ба бино гашта, афроди бехонаро меҷӯянд. Аз сокинон мепурсанд, ки ин гуна ашхосро дидаанд ё не. Агар дида бошанд, суроғаи маҳалли будубошашонро мепурсанд. Ҳангоми пайдо кардани шахсони бехона онҳоро ба мошин бор карда, бо худ мебаранд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.
Ба гуфтаи хабарнигор, кормандони пулис дар шарҳи амалиёти худ гуфтаанд, ки бахшида ба 28-умин солгарди истиқлоли давлатии Туркманистон "кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро тоза мекунанд".
"Онҳоро ба боздоштгоҳи шаҳри Байрамалӣ мебаранд ва пас аз гузаштани ҷашни истиқлоли давлатӣ дубора раҳо хоҳанд кард", - мегӯяд хабарнигор. Ба қавли ӯ, вақтҳои ахир шумори афроди бехона дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Марӣ афзоиш ёфтааст.