Ссылки доступа

Боздошти ду ихтиёрии амрикоӣ бо гумони нигаҳдории маводи мухаддир дар Қирғизистон


Дар ноҳияи Токтогули Қирғизистон бо гумони нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир ду шаҳрванди ИМА-ро боздошт карданд. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, дар посгоҳи "Чичкан"-и шоҳроҳи Бишкек-Ӯш пулис мошини гумонбаронро нигаҳ дошт. Яке аз боздоштшудаҳо бо худ як килограм бангдона дошт.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, шаҳрвандони ИМА ба боздоштгоҳ интиқол ёфтаанд. Боздоштшудаҳо фаъолони ихтиёрӣ буда, дар ноҳияи Оқсойи Қирғизистон ба сокинон забони англисӣ меомӯзонанд.

XS
SM
MD
LG