Смагулов дар додгоҳ гуфт, вай роҳгузар буд ва қасди иштирок дар гирдиҳамоиро надошт.
Ерлан Тургумбоев, вазири корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки рӯзи 21 сентябр аз маконҳои эҳтимолии баргузории гирдиҳамоии ғайриқонунӣ "дар маҷмуъ аз саросари кишвар" наздики 100 одам боздошт шуд.
"15 тани онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд: нуҳ тан ҳабси маъмурӣ ва шаш тани боқимонда ҷарима шуданд", - гуфт вазир рӯзи 23 сентябр.
Боздоштшудаҳои дигар бидуни ҷаримаву ҳабс раҳо шуданд. Вазир гуфт, боздоштҳо дар "ҳафт-ҳашт" шаҳр сурат гирифтааст.
Рӯзи 21 сентябр дар чанд шаҳри Қазоқистон тадбирҳои амниятӣ шадид шуданд. Мухтор Аблязов, мухолифи фирории Қазоқистон ва роҳбари созмони "Интихоби демократии Қазоқистон" аз сокинон даъват карда буд, ки рӯзи 21 сентябр ба кӯча бароянд.