Ссылки доступа

Додгоҳи ИМА як зодаи Ӯзбекистонро бо айби сармоягузории ДИ 30 сол зиндонӣ кард


Додгоҳе дар ИМА Дилҳаёт Қосимовро бо айби сармоягузории гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" 30 сол зиндонӣ кард.

Ба иттилои додгоҳ, Дилҳаёт Қосимов ҳамроҳ бо як ӯзбекистонии дигар - Аброр Ҳабибов 1600 доллари ИМА ҷамъ оварда, ният доштанд, онро ба зодаи Қазоқистон Аҳрор Саидаҳмадов диҳанд. Аҳрор Саидаҳмадов тасмим дошт, ба Шарқи Наздик рафта, шомили "Давлати исломӣ" шавад.

Саидаҳмадов 25 феврали соил 2015 дар фурудгоҳи Ню-Йорк замоне боздошт шуд, ки қасди парвоз ба Туркияро дошт. Дилҳаёт Қосимов дар додгоҳ гуфт, аз тасмими Саидаҳмадов барои пайвастан ба ДИ огоҳ буд.

Додгоҳ Саидаҳмадови 22-соларо дар соли 2017 15 сол зиндонӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG