Ссылки доступа

Баҳси истгоҳҳои ғайрирасмӣ. Мақомот дар фикри ҷазо ҳастанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ашраф Ғанӣ: "Истифодаи неру ҳатто баррасӣ намешавад". Дар миёни номзадҳо ба мақоми президентии Афғонистон президенти амалкунанда Ашраф Ғанӣ ҳам ҳаст. (видеои Настоящее время)

- Раҳбари Фарғона зидди ҳиҷобу риш ҷанг эълом кард. (аудио аз Ӯзбекистон)

- Осиё: интихобот дар Афғонистон ва таҷовузи ҳамҷинсгаро дар Қазоқистон. Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон як ҳамҷинсгароро латту кӯб ва таҷовуз карданд. 28 сентября дар Афғонистон интихоботи президентӣ баргузор шуд (видеои Настоящее время)

- Баҳси истгоҳҳои ғайрирасмӣ. Мақомот дар фикри ҷазо ҳастанд. Мақомоти соҳаи нақлиёт мегӯянд, дар фикри сахттар кардани ҷазои ронандаҳое ҳастанд, ки дар Душанбе таваққуфгоҳ ё истгоҳҳои ғайрирасмиро пойбарҷо нигоҳ медоранд. Ба гуфтаи онҳо, чунин таваққуфгоҳҳо дар назди фурӯшгоҳи “Садбарг”, атрофи бозори “Саховат”-у “Корвон” ва маҳаллаи 102-юми пойтахт мондаанд (видео)

- Осорхонаи Нарзуллоҳи Латиф -- таърихи варзиши тоҷик. Бозии миёни дастаҳои футболи "Динамо"-и Маскав ва "Помир"-и Душанбе дар соли 1989. Дастаҳое, ки 30 сол пеш дар чемпионати СССР дар лигаи олӣ бозӣ мекарданд. Сабти ин бозӣ ҷузъе аз маводи осорхонаи шахсии шореҳи шинохтаи варзиш Нарзуллоҳи Латиф аст (видео)

- Кумаки USAID барои китобхон кардани Мустафо. Дар соли нави таҳсил муассисаҳои таълимӣ ва хонандаҳои тоҷик соҳиби садҳо ҳазор китоби тозанашри бадеӣ мешаванд. Оҷонсии Иёлоти муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилаллӣ ё ЮСАИД дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» тақдими адабиёти бадеиро ба хонандагон аз ноҳияи Варзоб шурӯъ кард (видео)

- Хотираи 18-сола ба хотири ояндаи беҳтари Афғонистон раъй дод. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар рӯзи 28-уми сентябр, баъзе аз ҷавонон бори аввал дар умри худ раъй доданд. Хотираи 18-сола яке аз онҳост ва ба Радиои Афғонистони Озодӣ гуфт, барои ояндаи неки кишвари ҷангзадааш раъй додааст (видео)

- Корхонаҳои шакари Қирғизистон чи гуна ба вартаи варшикастагӣ наздик шуданд (видео аз Директ)

- Туркманистон Рӯзи истиқлолашро таҷлил кард (видео)​

- Арабистони Саудӣ визаи сайёҳӣ таъсис дод (видео аз Директ)

- Теракту раъйдиҳӣ. Амниятро дар интихоботи президентии Афғонистон чи гуна таъмин карданд (видео аз Директ)

- Донбасс дар интизори сулҳ (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG