Ссылки доступа

Маҷмуаи мошинҳои писари худкомаи африқоиро $27 млн фурӯхтанд


Дар Хонаи музоядаи Швейтсария маҷмуаи мошинҳои люксе фурӯхта шуд, ки аз муовини президент ва президенти Гвинеяи Экваторӣ Теодорина Нгема Обианга мусодира гашта буд. 25 мошинро шаҳрвандони кишварҳои гуногун ба маблағи беш аз 27 миллион доллар харидорӣ карданд.

Дар рӯйхат ҳафт мошини Ferrari, се Lamborghini, панҷ Bentley, ҳамчунин Maserati ва McLaren низ буд.

Мошини маъруфтарин Lamborghini Veneno Roadster буд, ки соли 2014 истеҳсол шудааст. Он 8,4 миллион доллар фурӯхта шуд.

Додситонии кулли Швейтсария соли 2016 зидди Нгемаи хурдӣ бо гумони пулшӯӣ тафтишотро оғоз кард. Дар рафти тафтишот мақомоти ИМА, Фаронса, Монако, Дания ва Нидерландия низ иштирок доштанд. Тафтишот моҳи феврали соли 2018 бар ивази мусодираи мошинҳо қатъ карда шуд.

Бар асоси қонунгузории Швейтсария айбҳои марбут ба ҷиноятҳоли молӣ бар ивази ҷуброн бекор карда шуда, пули он ба барномаҳои иҷтимоӣ равона хоҳад шуд.

Додгоҳе дар шаҳри Порис моҳи октябри соли 2017 Нгемаи хурдиро ба азхудкунии пулҳои давлат айбдор эълом ва ғоибона се сол аз озодӣ маҳрум кард.

Теодорин Нгема Обианг вориси эҳтимолии падари худ дар мақоми раҳбарии Гвинеяи Экваторӣ гуфта мешавад. Теодоро Обианг Нгема Мбасого аз соли 1979 ин кишварро идора мекунад. Атрофиёни вай ба қочоқи силоҳ айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG