Ссылки доступа

Ба падаре, ки се фарзандашро аз даст дод, ҷуброн ваъда кардаанд (видео)


Хонаводаи Бӯрихоновҳо дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон гуфтанд, баъд аз нашри гузориши расонаҳо дар бораи марги се фарзандашон "муносибати мақомот бо онҳо тағйир кардааст".

Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, мақомот пешниҳод кардаанд, ки аз даъвои марги се фарзанд даст кашида, "дар иваз манзили дуҳуҷраӣ бигиранд".

Баҳодур Бӯрихонов, падари хонавода, мегӯяд, дар ними роҳ мондааст, ки хонаи ваъдагиро гирифта, аз шикоят даст кашад ва ё барои тантанаи адолат то охир равад.

Расонаҳо рӯзи 13-уми сентябри имсол дар бораи марги Нозанини 10-сола, Маҳҷабини 7-сола ва Шаҳриёри 6-сола гузориш доданд. Ин наврасон рӯзи 16-уми июли имсол ба чуқурии кандаи роҳсозон афтода, ҷон доданд. Волидон гуфта буданд, "касе ба додашон намерасад".

Баҳодур Бӯрихонов рӯзи 29-уми сентябр гуфт, баъд аз расонаӣ шудани марги фарзандонаш муносибати мақомот ва додситонӣ ба ӯ тағйир ёфтааст. "Раиси ноҳияи Темурмалик, додситон ва чанд масъули дигар ба хона омада, аз аҳволи мо пурсиданд", -- афзуд ӯ. Вале ӯ гуфт, дар марвиди марги фарзандонаш парванда боз нашудааст.

Мусоҳиби мо гуфт, мақомот ба воситаи хешовандонаш аз ӯ хостаанд, ки аз даъвои марги фарзандон даст кашад ва дар иваз ба ӯ як манзили дуҳуҷраӣ медиҳанд.

Падари се навраси ҳалокшуда афзуд, ҳоло тасмим нагирифтааст, ки аз даъво даст кашад ва ё то охир барои ҷазо додани гунаҳкорони марги фарзандонаш талош кунад. Баҳодур Бӯрихонов бовар дорад, ки "агар аз пайи даъво наравад, фарзандонаш ором хоб нахоҳанд рафт".

Хонаводаи Бӯрихоновҳо дар марги фарзандонашон роҳсозонеро гунаҳкор медонанд, ки роҳи “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг”-ро азнавсозӣ карда буданд. Чун ба гуфтаи хонавода, фарзандони онҳо дар чуқурие афтода, ҷон доданд, ки роҳсозон онро канда, саривақт бо хок пур накарданд.

Масъулияти азнавсозии роҳи «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг»-ро дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик ширкати "China Road"-и Чин ба уҳда дошта, пули сохтмонро Бонки Осиёии Рушд додааст. Дар дафтари Бонки Осиёии Рушд рӯзи 12-уми сентябр дар як посухи хаттӣ гуфтанд, аз шунидани хабари марги кӯдакон андӯҳгин шуда, ҳамдардии амиқи худро ба оилаи фавтидагон мерасонанд.

Роҳи мошингарди "Кангурт-Балҷувон Ховалинг", ки қариб 43 километр дарозӣ дорад, бо паҳноии 7 метр сохта шуд.

XS
SM
MD
LG