"25 сентябр як гуруҳи табибон ба ноҳияи Яшнобод сафарбар шудаанд. Онҳо пас аз муойина муайян карданд, ки шаҳрванд ҷон бохтааст. Вале наздикони марди фавтида посухи табибонро написандидаанд. Ҳамсояи мард, ки "ёрии таъҷилӣ"-ро даъват карда буд, хостааст, амали эҳёгарӣ анҷом диҳанд, вале табибон худдорӣ кардаанд. Сипас ӯ ба яке аз табибон ҳамла карда, вайро латукӯб намудааст. Дар натиҷа табиб ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол ёфтааст", - афзуд манбаъ.
Дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шуда, ба шаҳрванде, ки табибро латукӯб кардааст, ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид мекунад.