Ссылки доступа

Пули нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз муноқишаи маргбор


Баъд аз ду ҳафтаи муноқишаи маргбор дар байни ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, мақомоти ду тараф пулеро ба истифода доданд, ки равуои сокинони наздимарзиро осон мекунад. Ин пул ду сол пеш вайрон шуда буд.

Дар муноқишаи шаби 16-уми сентябр се сарбозу афсари Тоҷикистон ва як марзбони Қирғизистон кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шуданд. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ якдигарро муттаҳам карданд, аммо ҳанӯз натиҷаи таҳқиқи расмии ҳодиса маълум нест.

Ҳоло ду тараф пули навро "Дӯстӣ" ном гузоштанд, то ба гуфтаи мақомот, "мояи субот дар марз бошад, на низоъву хунрезӣ." Дар ду канори ин пул гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва гумрукии "Овчӣ Қалъача"-и Тоҷикистон ва "Қулунди"-и Қирғизистон ҷойгир аст.

Дар маросими ба истифода додани пул раисони вилоятҳои Суғду Бодканд иштирок карданд. Раҷаббой Аҳмазода, раиси вилояти Суғд, ҳангоми ба истифода додани пул гуфт, он метавонад ба густариши равобити сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ва ҳамин тавр ду кишвар мусоидат кунад.

"Бовар дорам, ин пул рамзи сулҳу дӯстӣ ва ҳамкориву ҳамсоядории хуб миёни Тоҷикистону Қирғизистон мешавад", -- афзуд ӯ.

Акрам Мадумаров, раиси вилояти Бодканд, бо изҳори таассуф аз муноқишаи ахир дар марз гуфт, "то замони ҳал шудани масъалаи таъйину аломатгузории марз бояд аз ҳама гуна низоъ дар сарҳад пешгирӣ шавад. Пул ду кишвари бузургро ба ҳам мепайвандад. Медонем, ки тоҷикону қирғизҳо мардуми қадимтарини дунё ҳастанд ва Худованд хостааст, дар канори ҳам зиндагӣ кунем."

Пуле, ки ҳоло ба истифода дода шуд, 12 метр дарозӣ дорад ва ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистонро бо деҳаи "Интернатсионал"-и Бодканд мепайвандад.

Пештар аз ин роҳ мардуми ду минтақа аксаран барои тиҷорат истифода мекарданд. Вале дар соли 2017 пул хароб ва ҳаракати мошинҳо дар он манъ шуд. Пиёдагардон ҳам бо мушкили зиёд аз ин пули валангор мегузаштанд.

Барои таъмири пул, ки ба гуфтаи мақомот дар густариши дӯстии байни ду кишвар ва рафъи низоъҳо мусоидат мекунад, ҷониби Тоҷикистон 75 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз ҳафтуним ҳазор доллар, харҷ кардааст. Саҳми Қирғизистон низ барои бунёди пул баробар бо Тоҷикистон гуфта мешавад.

Баробари кушода шудани пул сокинони ду минтақа ба равуо оғоз кардаанд.

Сокинони минтақаи наздимарзии Тоҷикистон ҳам аксаран барои хариди ангишти арзон ва тиҷорати он ба Бодканд мерафтаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG