Ссылки доступа

Дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Фарғона" дар Русия маҳдуд шуд


Роскомнадзор дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Фарғона"-ро дар ҳудуди Русия маҳдуд кард.

Дастрасӣ ба сомонаи мазкур барои нашри хабару маълумоте маҳдуд шудааст, ки паҳни онҳо дар ҳудуди Русия манъ аст.

Хабаргузории "Фарғона", ки дар Русия сабти ном шудааст, дар бораи ҳаводиси кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад. Масъулони хабаргузорӣ мегӯянд, то ҳол аз ҷониби Русия ҳеч гуна огоҳие нагирифтаанд ва сабаби маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи худро низ дар ҳудуди ин кишвар намедонанд.

Дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Фарғона" дар ҳоли ҳозир ба ҷуз аз Русия дар Туркманистон низ маҳдуд аст.

XS
SM
MD
LG