Ссылки доступа

Норӯшаниҳои ба ихтиёри Чин додани кони нуқраи Тоҷикистон


Порлумони Тоҷикистон иҷоза дод, ки кони нуқраи "Якҷилва" дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ихтиёри як ширкати чинӣ қарор гирад. Аммо шуморе аз коршиносон ва соҳибназарон мегӯянд, "дороиҳои кишварро набояд ба ин шакл дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ гузошт".

Ширкати "Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед"-и Чин барои корҳои истихроҷ дар кони нуқраи "Якҷилва" 39,6 миллион доллар сармоя ҷудо кардааст. Захираи ин кон 113 тонна нуқра гуфта мешавад.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, рӯзи 1-уми октябр дар ҷаласаи порлумон гуфт, ин кон барои ҳафт соли оянда дар ихтиёри ширкати чинӣ гузошта мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ширкати чинӣ давоми ин муддат аз пардохти андоз аз фоида, боҷи гумрукӣ барои овардани таҳҷизот ва ҳамчунин андоз аз арзиши иловашуда (НДС) озод мебошад.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон афзуд, 60 дарсади коргарони ин конро сокинони маҳаллӣ ва боқимондаро мутахассисони Чин ташкил хоҳанд дод.

Ба гуфтаи масъулони ширкати чинӣ, дар ҳоли ҳозир дар ин ширкат беш аз 100 коргари тоҷик ва ҳудуди 70 коргари чинӣ машғули коранд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ҳангоми баррасии мавзӯъ аз Фаррух Ҳамрализода пурсид, "ба Тоҷикистон аз ин корхона чӣ фоида аст?" Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар ҷавоб гуфт, "ҷониби Тоҷикистон аз фаъолияти ин ширкати чинӣ танҳо андоз мегирад".

Ӯ дар ҳоле андозро ягона фоидаи давлат унвон кард, ки тибқи созишнома, ширкати чинӣ давоми ҳафт соли оянда аз андоз аз фоида, боҷи гумрукии таҷҳизоти воридшаванда ва андоз аз арзиши иловашуда озод хоҳад буд.

Ба ин тартиб, рӯшан нест, Тоҷикистон аз ин муомила дақиқан чӣ ва чӣ қадар манфиат хоҳад гирифт. Ҳамчунин шароити ба дасти ширкати чинӣ супурда шудани кони нуқра торик мемонад.

Ю Ан Хуин, масъули ширкати "Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед”, ки дар ҷаласаи порлумон ҳузур дошт, гуфт, ширкати онҳо таҷрибаи кор дар баландкуҳҳоро дорад ва ба коргарони кон айни ҳол ба ҳисоби миёна 2 600 сомонӣ маош медиҳанд.

Бо вуҷуди тасвиби созишнома дар порлумон, нуктаҳои норӯшане дар ин санад мондааст. Аз ҷумла, 113 тоннае, ки захираи кон муйаян шудааст, танҳо барои дувуним соли фаъолияти ин корхона кофӣ аст. Масъулони ширкат гуфтанд, давоми фаъолият боз ба ҷустуҷӯи манбаъҳои маъдан машғул мешаванд. Вале ин ҷустуҷӯ дар ҳудуди кони "Якҷилва" идома мекунад, ё ҷои дигар, норӯшан аст.

Сколько страны Центральной Азии должны Китаю?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:53 0:00

Ҳоло ширкатҳои чинӣ истихроҷи аксар конҳои тилои Тоҷикистонро низ дар даст доранд. Ба ҷуз аз ширкати муштараки Тоҷикистону Чин -- "Зарафшон", чиниҳо кони тиллои "Покруд" дар Ромит ва ширкати ТВЕА-и ин кишвар бар ивази сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, парвонаи ду кони тилло дар ноҳияи Айнӣ -- "Дуобаи шарқӣ" ва "Кумарғи боло"-ро ба даст овард.

Соли гузашта мизони додугирифт миёни Тоҷикистону Чин аз марзи якуним миллиард доллар гузаштааст. Се сол пеш ду кишвар аҳд бастанд, ки мизони табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Чинро то соли 2020 то 3 миллиард доллар афзоиш медиҳанд.

Ба ҳисоби расмии чиниҳо, беш аз 300 ширкати ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, ин ҳамкориҳо истихроҷи тило ва ангишт, истеҳсоли семент, корхонаҳои кимиёӣ, барқ, нассоҷӣ, кишоварзӣ, интиқоли бор ва дигар бахшҳоро дар бар мегиранд.

Чин аз соли 2013 ба ин сӯ мақоми шарики стратегиро барои Душанбе ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG