Ссылки доступа

Ҷавоне, ки ба ҳамла ба ду сарбози рус муттаҳам аст, дар куҷост?


Волидони Аҳлиддин Абдуллоев, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, ки дар ҳамла ба ду сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия муттаҳам аст, гуфтанд, даҳ рӯз боз ӯро надидаанд ва намедонанд дар чӣ шароит аст. Мақомот ҷойи нигаҳдории ӯро намегӯянд.

Қаблан масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки ӯ бемори равонист, вале маълум нест ҳоло дар бемористон аст ё боздошт.

Ҳамла ба ду сарбози пойгоҳи 201-уми Русия рӯзи 20-уми сентябр дар шаҳри Бохтар, маркази Хатлон иттифоқ афтодааст. Ҳодисаро Додситонии вилояти Хатлон таҳқиқ дорад. Як манбаъ дар ин ниҳод рӯзи 1-уми октябр гуфт, “парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, таҳқиқ идома дорад.”

Моҳинав Абдуллоева, модари Аҳлиддин Абдуллоев, рӯзи 1-уми октябр гуфт, ӯ писари ягонаи оила аст ва аз соли 2016 боз мубталои бемории рӯҳист. “Рӯзи ҳодиса бисёр гирист, ки маро дар хона маҳкам накунед, безор шудам. Ба ӯ иҷоза додем, ки ба берун баромада тамошо кунад. Вай ба шаҳри Бохтар рафтааст ва дар ҳамон ҷо бемориаш хуруҷ мекунад. Дар вақти бозгашт ду сарбоз меоянд ва байнашон чӣ ҷанҷоле шудааст,” – нақл кард Моҳинав Абдуллоева.

Ин сокини ноҳияи Вахш афзуд, аз рӯзи ҳодиса ба ин тараф писарашро надидааст ва то ҳол намедонад, ки сабаби рух додани ҳодиса чӣ аст. Мақомот ба ӯ гуфтаанд, ки мумкин аст бо дидани модар вазъи равонии Аҳлиддин Абдуллоев дубора бад шавад ва ба ҳамин далел аз ӯ хостаанд, то анҷоми ташхис сабр кунад.

Масъулони сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми сентябр бо нашри иттилоияи расмӣ гуфта буданд, ки таҳқиқи ҳодисаро ҷиддан пайгирӣ доранд.

Дар гузашта чанд мавриди ҳамлаи сарбозонои пойгоҳи 201-и Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва ё қатли баъзе афрод ба дасти онҳо сабт шуда буд. Ин сарбозон ба далели бемории руҳӣ доштан ва табобату ташхис ба Русия бурда шуданд.

Пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад, ки дар гузашта гуфта мешуд ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Аммо солҳои охир Русия теъдоди сарбозонашро дар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон кам кардааст.

Ин пойгоҳ ҳақ дорад, то соли 2042 дар Тоҷикистон бимонад. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.

XS
SM
MD
LG