Ссылки доступа

Ҳазорон шаҳрванди Туркия таҳқиқи сабабҳои воқеии марги духтари ӯзбекро талаб доранд


Фаъолони Туркия, ки аз ҳуқуқи кӯдакон ва бонувон ҳимоят мекунанд, зери шиори "Бо Нодира чӣ шуд?" маъракаи густардаеро ба роҳ монданд. Додситонии шаҳри Анқара Нодира Қодироваи 23-соларо дар танфурӯшӣ айбдор мекунад.

Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия гуфт, раванди таҳқиқи марги фоҷеавии Нодира Қодирова зери назорати сафорати ин кишвар дар шаҳри Анқара қарор дорад.

Ба огаҳии вазорат, дар ҳоли ҳозир додситонии Анқара тафтиши ҳодисаро оғоз карда, тамоми шоҳидонро бозпурсӣ ва муҳтавои телефони ӯву мукотибаҳои электрониашро таҳқиқ дорад. Дар Додситонии Анқара гуфтанд, ки хулосаи ташхиси судӣ-тиббиро мунтазиранд.

Ҷомеашиноси ӯзбек Баҳодур Файзӣ, ки дар Туркия зиндагӣ мекунад, гуфт, ҳазорҳо шаҳрванди ин кишвар ба маъракаи мазкур пайваста, таҳқиқи сабабҳои воқеии марги Қодироваро талаб доранд.

Вакили дифои маъруф дар Туркия ва раҳбари созмони ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакону бонувон Муҷде Тозбей Эрден (Mujde Tozbey Erden) гуфт, ба таҳқиқи қазияи марги Нодира Қодирова пардохтааст ва аз кӯшишҳои пинҳон кардани ин ҷиноят пешгирӣ хоҳад кард: "Талаб хоҳем кард, ки ин парванда одилона ва бо риояи талаботи қонун тафтиш шавад".

Нодира Қодирова, зодаи 23-солаи вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон чаҳор сол пеш барои кор ба Туркия рафта буд. Ӯ моҳҳои ахир дар манзили генерали мустаъфии турк Ширин Унал ба ҳайси парастор кор мекард. Бино ба хабари расонаҳои Туркия, субҳи 24 сентябр Қодироваро бо захми тир аз ноҳияи қалбаш дар манзили Унал пайдо карданд ва дертар дар бемористон ҷон дод.

Хабар дода мешавад, зодаи Ӯзбекистон гӯиё худкушӣ кардааст. Аммо Ширин Унал аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунад. Нодира Қодирова як соли охир аз модари Ширин Унал парасторӣ мекард.

Муҳаммадалӣ Қодиров, бародари Нодира Қодирова мегӯяд, хоҳараш ҳеч сабабе барои худкушӣ надошт.

XS
SM
MD
LG