Ссылки доступа

Трамп тафтишоти зидди худро кӯшиши табаддулоти давлатӣ номид


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп тафтиш барои изҳорои нобоварӣ ба худро "кӯшиши табаддулоти давлатӣ" номид.

Тафтиши фаъолияти президент ташаббуси демократҳои Палатаи намояндагони Конгрессси ИМА аст. Ба оғози он суҳбати телефонии Трамп бо президенти Украина Владимир Зеленский сабаб шуд. Дар бораи ин суҳбат як хабарчини хадамоти махсуси ИМА иттилоъ дод.

Кохи сафед матни суҳбатро охирҳои моҳи сентябр нашр кард. Бар асоси ин матн, Трамп аз Зеленский хостааст, ки дар Украина зидди писари рақиби эҳтимолияш дар интихоботи президентии соли 2020 Ҷо Байден тафтишотро оғоз кунад. Ба гуфтаи Трамп, Байдени хурдӣ дар Украина даст ба фасодкорӣ задааст. Мунақидон мегӯянд, президенти ИМА ба хотири ба даст овардани мавод зидди рақиби худ аз доираи салоҳиятҳояш берун рафтааст.

Палатаи намояндагон дар доираи тафтиши мазкур чандин корманди Департаменти давлатии ИМА, аз ҷумла раҳбари он Майк Помпеоро ба бозпурсӣ даъват карданд. Дар миёни даъватшудаҳо собиқ намояндаи махсуси ИМА дар умури Украина Курт Волкер, сафири пешини Украина дар Вашингтон ​Марӣ Йованович низ ҳастанд.

Трамп ҳамаи иттиҳомро рад мекунад. Помпео дар навбати худ гуфт, демократҳо кормандони Департаменти давлатиро метарсонанд. Худи Зеленский дар мулоқот бо Трамп гуфт, дар ҷараёни суҳбати телефонӣ ҳеч гуна фишореро эҳсос накардааст.

XS
SM
MD
LG