Ссылки доступа

Дар Туркманистон соҳибони дронҳоро ҷарима мекунанд


Дар вилояти Лебапи Туркманистон кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаҳрвандонеро бозпурсӣ ва ҷарима мекунанд, ки дрон ё худ ҳавопаймои бесарнишин доранд.

"Агар фаҳманд, ки шаҳрванде дрон дорад, ӯро ба бозпурсӣ даъват карда, баъзан зиддаш парвандаи ҷиноӣ низ боз мекунанд. Чанде пеш соҳиби як студияро даъват карданд, ки тӯйҳоро ба навор мегирад. Вайро ҳамчун шахсе бозпурсӣ карданд, ки ба амнияти давлат хатар дорад. Аз вай пурсидаанд, ки дронро бо кадом мақсад истифода мебарад, дар вилоят боз кӣ дрон дорад ва онҳоро ба кишвар кӣ меорад", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи хабарнигор, ворид кардани чунин дастгоҳҳо ба Туркманистон манъ буда, барои он ҷазое муқаррар шудааст, ки қонунгузорӣ ба қочоқчиёни силоҳ пешбинӣ мекунад.

"Дар ягон ҷо дрон ошкоро фурӯхта намешавад. Дар ҳоли ҳозир соҳибони онҳоро аз 1000 то 3000 манат ҷарима доранд. Ҳамчунин огоҳ низ мекунанд, ки агар бори дувум ба даст афтанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб хоҳанд шуд (қурби расмии 1 доллар 3,5 манат аст)", - афзуд хабарнигор.

Яке аз кормандони пулиси вилояти Лебап ба шарти ифшо нашудани номаш сабаби пурзӯр шудани назорат аз болои соҳибони дронҳоро шарҳ дод. "Дар ҳоли ҳозир мақомоти туркман нигаронанд, ки касе навбатпоии сокинон барои ғизоро дар назди фурӯшгоҳҳо акс ё ба навор гирифта, оммавӣ мекунад", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG