Ссылки доступа

Додгоҳ ҳукми Кабир Кабировро тағйир дод ва 10 сол зиндонӣ кард


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баъд аз муҳокимаи дигарбораи парвандаи Кабир Кабиров, писари Аваз Кабиров – молики бозори “Султони Кабир” – ҳукми ӯро тағйир дод ва 10 сол зиндонӣ кард. Ӯ давраи ҷазои худро дар зиндони низомаш умумӣ сипарӣ хоҳад кард.

Кабиров моҳи июли имсол ҳаштуним сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Вале даъвогарон ҳукми ӯро сабук дониста, ба баррасии дубораи парванда пойфишорӣ карданд.

Ҳукми нави додгоҳ рӯзи 2-юми октябр содир шуд.

Кабир Кабиров дар моҳи марти имсол дар хиёбони марказии Душанбе бо худрави тамғаи "Лексус" ба садама дучор шуд ва дар ин ҳодиса ду нафар аз ҳамроҳонаш – Саидҷаъфар Саидов ва Некзод Саҳобиддинзода (ҳарду 19-сола) ҷон бохтанд.

Тарафи даъвогар иддао дошт, ки Кабиров дар лаҳзаи рондани мошин сархуш буд ва ба ҳамин далел бояд ҷазои сахттар гирад. Ин масъала дар мурофиаи рӯзи 30-юми сентябр низ дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасӣ шуда буд.

Миҷгона Маҳсиддинова, модари Некзод Саҳобиддинзода, яке аз қурбониёни садама рӯзи 2-юми октябр гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ аст. Вай афзуд, "ҳарчанд ҳолати мастии Кабир Кабиров дар мурофиа исбот нашуд, намоиши чанде аз наворҳои видеоӣ дар мурофиа боис гардид, ки ҳукм тағйир ёбад."

Ба қавли ӯ, яке аз наворҳоро аз "Маркази шаҳри бехатар" дастрас кардаанд ва дар он дида мешавад, ки "Кабир Кабиров мошинро бо суръати хеле баланд ронда, ба чароғаки роҳ итоат намекунад."

Рӯзи 2-юми октябр бо яке аз наздикони Кабир Кабиров тамос гирифтем, аммо нахост дар бораи ҳукм сӯҳбат кунад. Вакили мудофеи ӯ Бахтиёр Салимов низ таъкид кард, майли дар ин бора гап заданро надорад. Вале адвокати пешини ӯ, Саидмаҳмуд Шарифов, ҳукми қаблии нафари таҳти ҳимояташро “ноодилона” арзёбӣ карда буд.

Садамаи маргбор дар маркази Душанбе ва начандон дур аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар дили шаҳр рух додааст.

Мақомоти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар лаҳзаҳои аввали баъди садама гуфтанд, Кабир Кабиров “бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, аввал ба девори бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанӣ бархӯрдааст”.

Кабир Кабирови 19-сола донишҷӯи соли якуми факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тан маҷрӯҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG