Дар ин бора созмони ғайридавлатии NetBlocks хабар дод.
Эътирозҳои оммавӣ дар пойтахти Ироқ, шаҳри Бағдод ва чанде аз шаҳрҳои дигар 1 октябр шуруъ шуд. Сокинон зидди фасодкорӣ, бекорӣ ва сатҳи пасти хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла қатъи барқ ва норасоии об эътироз доранд.
Дар шаҳри Бағдод эътирозгарон ахиран талош карданд, ба маҳалли муассисаҳои давлатӣ ва сафоратҳои хориҷӣ наздик шаванд. Пулис талош кард, эътирозгаронро пароканда кунад. Бархе аз эътирозгарон сӯи пулис санг андохтанд ва пулис дар посух аз силоҳ оташ кушод.
Аз марги то 10 одам ва ҷароҳат бардоштани чандин тани дигар дар ин ҳодиса хабар мерасад. Рӯзи чаҳоршанбеи 2 октябр эътирозҳо давом карданд.