Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон духтарони 9-соларо зидди вируси папилломаи инсонӣ ваксина мекунанд


Моҳи равон духтарони 9-соларо дар саросари Ӯзбекистон зидди вируси папилломаи инсонӣ (ВПЧ) ваксина мекунанд. Тибқи баъзе маълумот, дар 90%-и ҳолатҳо занон аз ин вирус ба бемории саратони бачадон гирифтор мешаванд.

Ваксинаи сартосарии духтарони соли таваллудашон 2010, ки дар бештари кишварҳо ихтиёрӣ аст, нигаронӣ ва норозигиеро миёни сокинони Ӯзбекистон ба бор овардааст.

Модари як хонандаи 9-сола аз шаҳри Тошканд гуфт, ахиран ӯро ба ҷаласае дар мактаб даъват карданд, ки дар он дар бораи ваксинаи зидди вируси папилломаи инсонӣ хабар дода шуд. "Онҳо гуфтанд, ки агар ваксинаи мазкурро дар 9-солагӣ гиранд, он дар оянда низ аз касалиҳо пешгирӣ мекунад. Табибон хостанд, ки аз ваксинаи ройгон истифода барем. Зеро агар духтарҳои мо ба сини 10 дароянд, бо пул ҳам онро гирифта наметавонем. Дар хориҷ он 100-200 доллар арзиш доштааст", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Вале ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ба ин пешниҳоди мақомот бо назари шубҳа менигарад. "Агар воқеан ҳам ваксинаи мазкур 100-200 доллар арзиш дошта бошад, пас барои чӣ ҳамаи духтарони соли таваллудашон 2010-ро ройгон мекунанд? Агар он қадар боарзиш бошад, чаро бепул мекунанд? Ман аз он нигаронам, ки духтарони моро "ҳамчун харгушҳои озмоишӣ" истифода набаранд. Қарор аст, маъракаи ваксинзанӣ аз 22 октябр оғоз шавад ва ҳоло аз мо мехоҳанд, ки розигӣ диҳем", - гуфт ӯ.

Муовини пешини вазири тандурустӣ ва раиси кунунии Кумитаи занони Ӯзбекистон Элмира Баситхонова баҳори соли равон хабар дода буд, ки ҳукумати ин кишвар аз ИМА ба маблағи 7 миллион доллар зидди вируси папилломаи инсонӣ ваксинаи нав ворид кардааст. Ӯ афзуд, ки ин ваксинаро ҳамаи духтарони 9-сола хоҳанд гирифт.

Бино ба омори расмӣ, қарор аст, маъракаи гирифтани ваксинаи мазкур дар Ӯзбекистон 21 октябри соли равон оғоз шавад ва онро 400 ҳазор духтари 9-сола хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG