Ссылки доступа

Ёров: Бузургмеҳр дархости афвро аз президент имзо накард


Баъд аз тақдими ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел дар Страсбург, баранда ва номзадҳои ин ҷоизаи бонуфузи Маҷмааи порлумонии Аврупо ба шаҳри Прага, маркази Ҷумҳурии Чех, омаданд.

Бо қарори ин ниҳод, ҷоизаи имсола ба Илҳом Тоҳтӣ – фаъоли ҳуқуқи уйғурҳо дар Чин ва донишманди зиндонӣ ва ҳамчунин ба созмони "Ташаббуси ҷавонон" аз Балкан тақдим шуд. Вакили зиндонӣ аз Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёров, ки ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст, барандаи дипломи ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел шуд.

Дар маросими тақдими ҷоиза дар Страсбург рӯзи 30-юми сентябр бародари хурдии Бузургмеҳр – Ҷамшед Ёров иштирок ва рӯзи 2-юми октябр дар қатори барандагони ҷоиза дар шаҳри Прага суханронӣ кард. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҳошияи конфронси Прага бо Ҷамшед Ёров ҳамсӯҳбат шуд.

Ҷамшед Ёров дар посух ба ин суол ки оё Бузургмеҳр дар бораи пешбарӣ шудани номзадиаш ба ин ҷоиза хабар дошт, гуфт, ​"Албатта, хабар дошт. Ӯ дар маҳкама радиои шуморо гӯш мекунад ва ҳамаи хабарҳоро мефаҳмад. Чанд рӯз пеш ба воситаи мо салому дуруди худро ба таҳиягарони ин ҷоиза, иштирокдорони он, ба ҳайати ҳакамон расонд".

Ёров ҳамчунин изҳор дошт, ки тақрибан як сол пеш ба модараш дар бораи шиканҷа шикоят карда буд. Вале баъд аз ин дигар ҳеҷ гуна шикояте аз Бузургмеҳр Ёров нашунидаанд.

Дар посух ба соли дигар, ки шояд Бузургмеҳр Ёров аз мубориза хаста шуда, ба вазъият тан дода бошад, бародараш гуфт, "Не, тамоман хаста нашудааст. Гапи модарам, ки ҳар сари чанд вақт бо ӯ мулоқот мекунанд, ин аст, ки рӯҳияи Бузургмеҳр Ёров устувор аст. Бино ба маълумоте, ки ба дасти мо расидааст, чанд дафъа кӯшиш кардаанд, дар телевизион баромад кунад. Ҳатто аризаи тайёрро ба номи Эмомалӣ Раҳмон овардаанд, "имзо кунад ва афв хоҳад шуд". Бузургмеҳр розӣ нашуд. Ӯ аз аввал то охир дар як ақида аст, ки "бегуноҳ ҳастам" ва бояд озод шавам".

XS
SM
MD
LG