Ссылки доступа

Мавсими "облава" дар Тоҷикистон: ҷавононро аз кӯча "рабуда" ба хидмат мефиристанд


Аз замони даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон беш аз як ҳафта гузашт. Дар ин муддат мақомоти баъзе аз ноҳияҳо аз иҷро шудани нақша ё гусели дастҷамъии ихтиёриён ба артиш хабар доданд. Баръакси ин сокинон аз афзоиши даъвати маҷбурӣ ё “облава” шикоят доранд.

Ҷавононро дар хона, кӯча ва нақлиётҳои мусофирбар боздошт мекунанд. Наздикону пайвандони онҳо дар бештари маврид огаҳ карда намешавад, ки фарзандашон ба хидмати ҳарбӣ фиристода шудааст.

Ҳатто ҷавононе ҳам "облава" мешаванд, ки дар асоси қонун аз хидмати ҳарбӣ озоданд. Мақомот мегӯяд, "облава" дигар вуҷуд надорад, вале сокинон ин иддаои мақомотро рад мекунанд.

Сезон облав в Таджикистане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:44 0:00

Холмуҳаммад Мирзоев, писари Майфура Расулова субҳи 7 октябр дар хонаашон боздошт ва иҷборан ба сафи артиш ҷалб шудааст. Ба гуфтаи Расулова, афроде дар либоси мулкӣ ҳамроҳи кормандони пулис ба хонаи онҳо ворид шуда, писари 22-солаашро бо худ бурдаанд.

Майфура Расулова мегӯяд, ин афрод ҳеч гуна коғазеро ҳам нишон надоданд ва аз комиссариати ҳарбӣ низ то он дам даъватнома дарёфт накарда буданд. "Мо ӯро аз хидмат пинҳон накарда будем ва ба номаш низ аз комиссариати ҳарбии ноҳия даъватнома наомада буд. Ба номи писари калониам даъватнома оварда буданд, ки ӯ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Расулова, намояндагони мақомоти маҳалливу кормандони пулис ҳангоми боздошти писараш аз нерӯ истифода карда, вақте ӯро аз писараш ҷудо намуданд, ба замин афтид.

"Келинам дод зад, ки ман беморам ва фишори баланди хун дорам. Бояд маро ба беморхона баранд. Вале онҳо дар мошини худ нишастанду рафтанд", шикоят кард модари Холмуҳаммад.

Дар кӯчаву хиёбонҳо боздошт кардан ё ба қавли дигар, "рабуда" иҷборан ба хидмати ҳарбӣ фиристоданд ғайриқонунӣ аст. Бинобар ин, мақомот вуҷуд доштани "облава"-ро рад мекунанд. Онҳое, ки пас аз дарёфти ду даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намешаванд, бояд ба ҷои иҷборан ба артиш ҷалб шудан ба додгоҳ кашида шаванд.

Дар Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтанд, ҷараёни даъвати наваскарон ба хидмати ҳарбиро онҳо назорат намекунанд ва бо ин кор комиссияи махсусе машғул аст, ки ба артиш ҳеч рабте надорад.

"Бо ин масъала комиссияҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо машғул аст. Кормандони ҷаомату шӯроҳои маҳаллӣ вазифаи худро анҷом медиҳанд ва мо танҳо мусоидат мекунем", - гуфт сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон Ориф Нозимов.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муроҷиати сокинон дар робита ба ғайриқонунӣ рабуда шудани фарзандонашон барои хидмати ҳарбӣ то рафт коҳиш меёбад. Вале шумори шикояткунандаҳое афзоиш ёфтааст, ки мегӯянд, комиссияҳои давлатӣ ба онҳо фишор меоранд, то фарзандони худро аз муҳоҷират баргардонда, ба хидмати ҳарбӣ фиристанд.

XS
SM
MD
LG