Ссылки доступа

Куба баъд аз 43 сол дубора соҳиби президент шуд


Маҷлиси миллии Куба Мигел Диас-Канелро президент интихоб кард. Дар ин бора дар саҳифаи твиттери порлумони Куба хабар дода шудааст.

17 номзад барои курсии президентии Куба даъвогар буданд. Аз 605 вакил 579 тан ба ҷонибдорӣ аз Диас-Канеля раъй доданд.

Дар Куба соли 1976 мақоми президентиро барҳам дода буданд. Раиси Шӯрои давлатӣ ҳамзамон роҳбари давлат буд. Мақоми президентӣ бо қабули конститутсияи нав дар Куба барқарор шуд. Президент аз сӯи порлумон барои 5 сол интихоб мешавад.

Диас-Канел ба ҳайси Шӯрои давлатӣ аз моҳи апрели соли 2018 ба ин тараф Кубаро роҳбарӣ мекард.

Конститутсияи нави Куба моҳи феврали соли ҷорӣ қабул шуд. Ба ҷуз аз тағйири сохтори давлатӣ, ин конститутсия ҳамчунин ба шаҳвардон ҳаққи доштани амволи шахсӣ ва бозори озодро дод.

XS
SM
MD
LG