Ссылки доступа

Аз 65 оҷонси корёби Ӯзбекистон 30 тоашон касеро ба муҳоҷирати корӣ нафиристодааст


Дар Ӯзбекистон 65 оҷонси корёби хусусӣ фаъолият мекунанд, ки ҳақ доранд, сокинони маҳаллиро ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷ фиристанд. Дар натиҷаи як санҷиш маълум шудааст, ки 30 тои ин оҷонсҳо ягон касро нафиристодаанд.

Ба огаҳии Палатаи қонунгузори Маҷлиси олии Ӯзбекистон, бар асоси Қонуни оҷонсҳои корёби хусусии ин кишвар, 88 шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, 65 тои онҳо иҷозатномаи фаъолият, аз ҷумла ҳаққи фиристодани сокинон ба муҳоҷирати кориро дарёфт кардаанд. Аз ин миён, 30 оҷонс касеро барои кор ба хориҷ нафиристодааст.

Оҷонсҳои боқӣ тайи моҳҳои сипаришудаи соли равон барои 1655 шаҳрванди Ӯзбекистон дар хориҷ ва ба 77 каси дигар дар дохил ҷои кор пайдо кардаанд. Ба 33 ҳазору 838 тани дигар хидматрасонии консулӣ расонидаанд.

Мақомоти ӯзбек моҳи августи соли равон фаъолияти ҳашт оҷонси корёби хусусии Тошканд, Самарқанд, Навоӣ ва Фарғонаро тафтиш ва муайян кардаанд, ки онҳо бо ваъдаи ҷои кор аз сокинон маблағ ҷамъоварӣ намуда, вале кореро анҷом надодаанд. Ҳамчунин ҳангоми бозпас додани маблағи бархе аз сокинон пули хидматрасонии анҷомнашуда ситонида шудааст.

XS
SM
MD
LG