Ссылки доступа

Зикри номи Қазоқистон дар пажуҳиши фасодкорӣ дар ИМА


Дар ИМА ду тан аз роҳбарони пешини ширкати монакоии Unaoil, ки худро мушовирони бахши газу нафт унвон мекунанд, иштирокашонро дар бастани шартномаҳои фасодолуд дар 9 кишвар, аз ҷумла Қазоқистон тасдиқ карданд.

Ба иттилои вазорати адлияи ИМА, Сайрус Ахсании 51-сола ва Саман Ахсании 46-сола моҳи марти соли ҷорӣ худро дар бастани шартномаи хариду фурӯши нафту газ бо назардошти манофеи ширкатҳо айбдор донистаанд. Ин амали онҳо хилофи қонун дар бораи фасодкорӣ дар хориҷ унвон мешавад.

"Ахсаниҳо ки шаҳрванди Бритониё ҳастанд, бо бисёре аз ширкатҳо ва шахсони воқеӣ забон як карда, мансабдорони давлатиро дар солҳои 1999 то 2016 дар Алжир, Ангола, Озарбойҷон, Ҷумҳурии демократии Конго, Эрон, Ироқ, Қазоқистон, Либиё ва Сурия бо роҳи ришва ба худ ҷалб намудаанд", - омадааст дар хабари оҷонсии Рейтар бо такя ба додситонии ИМА.

Аммо хабар дода намешавад, ки ин афрод дар Қазоқистон бо кадом ширкатҳо ва дар чи ҳаҷме хариду фурӯши нафтро анҷом додаанд. Мақомоти Қазоқистон ҳам то кунун ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд.

Қарор аст, додгоҳ ҳукми бародарон Ахсаниро 20 апрели соли оянда эълом кунад. Ҳардуи он аъзои хонаводаи Ахсанӣ ҳастанд. Ширкати Unaoil-ро муҳоҷири эронӣ Атоӣ Ахсанӣ таъсис додааст.

XS
SM
MD
LG