Ссылки доступа

Додгоҳи куштори нозири ҷангал дар Қазоқистон аз сар гирифта шуд


Дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон баррасии додгоҳии парвандаи ҷиноӣ дар бораи куштори нозири коргоҳи давлатии "Охотзоопром" Ерлан Нургалиев, сӯиқасд ба ҷони ҳамкори вай Петр Нитсик ва шикори ғайриқонунии сайга аз сар гирифта шуд.

Ҷабрдидагон ва айбдоркунандаи давлатӣ Куаниш Жексенбоев аз додгоҳ хостанд, муҳокимаи парвандаро ба дарозо накашад, зеро аз замони оғози парванда 10 моҳ сипарӣ шудааст. Вакилони мудофеи айбдоршавандагон дар навбати худ аз додгоҳ хостанд, ки моддаи кушторро иваз кунад, зеро айбадоршавандаҳо қасди кушторро надоштанд.

Синни айбдоршавандаҳо, ки шуморашон ба 7 тан мерасад, аз 32 то 53-солро ташкил медиҳад.

Ба иттилои тафтишот, айбдоршавандаҳо огоҳ буданд, ки шикори сайга мамнуъ аст. Ҷуброни зарари шикори 17 сар сайга, ки айбдоршавандаҳо нобуд кардаанд, наздики 115 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Тафтишот мегӯяд, нозирони ҷангал талош карданд, ки шикорчиёнро боздошт кунанд, аммо шикорчиён сӯи нозирон тир кушодаанд. Нозири ҷангал Ерлан Нургалиев аз тири шикорчиён вафот кард.

XS
SM
MD
LG