Ссылки доступа

Трамп хост, шахсияти хабарчин дар "парвандаи Украина" ошкор шавад


Президенти ИМА Доналд Трамп хост, шахсияти хабарчине ошкор карда шавад, ки дар бораи ҷузъиёти суҳбати телефонии ӯ бо ҳамтои украинаш Владимир Зеленский иттилоъ дода, боиси оғози тафтишот аз сӯи Конгресс шудааст.

Трамп рӯзи якшанбе дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, хабарчини хадамоти махсуси ИМА "одами сардори пешини Идораи марказии иктишофӣ Ҷон Бреннан ва президенти пешини ИМА Барак Обама аст, ки Трампро намехоҳанд. Маълумоти додаи ӯ низ рост набуд".

Трамп рӯзи якшанбе дар Твиттер навишт, ки хабарчин бояд шахсияти худро ошкор кунад. Ӯ дар ин паёмаш ҷинси хабарчинро мард навишт. Ҳарчанд пештар гуфта буд, ки эҳтимол дорад, вай зан бошад.

Демократҳои Маҷлиси намояндагони ИМА иддао доранд, ки Трамп дар суҳбати телефонии моҳи июли соли равон ба Зеленский фишор овардааст, то зидди рақиби сиёсияш Ҷо Байден дар Украина тафтишот оғоз шавад ва бинобар ин, кумакҳои низомии Вашингтон ба Киев ба таъхир гузошта шудааст. Вале Трамп мегӯяд, фишор наовардааст. Кохи сафед дертар муҳтавои суҳбати Трамп бо Зеленскийро нашр кард ва дар он дар бораи таъхири кумаки низомӣ чизе гуфта нашудааст. Як қатор мансабдорон дар ҷаласаи пӯшидаи Маҷлиси намояндагон гуфтанд, ки дар ҳақиқат кумаки низомӣ ба таъхир андохта шуда буд, то Украина дархости Трампро иҷро кунад.

Вакили дифои хабарчини Хадамоти махсуси ИМА рӯзи якшанбе гуфт, омодааст, ба пурсишҳои ҳамҳизбони Трамп - ҷумҳурихоҳони Конгресс посух гӯяд. Вале гуфт, шахсияти хабарчин ба далели амниятӣ набояд ошкор шавад.

XS
SM
MD
LG