Ссылки доступа

Марги ду кӯдак дар Қазоқистон аз заҳролудшавӣ


Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон ду кӯдаки як хонавода эҳтимолан дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз ғизо вафот кардаанд. Дар ин бора мақомоти шаҳри Чимкент хабар доданд.

Рӯзи 3 ноябр як зан ҳамроҳи се фарзандаш ба бемористон муроҷиат кард. Ин занро ҳамроҳ бо писари яксола ва духтари сесолааш дар бемористон бистарӣ карданд.

Табибон натавонистанд, ду кӯдакро наҷот диҳанд. Ба иттилои табибон, кӯдаки соли таваллудаш 2015 субҳ ва кӯдаки соли таваллудаш 2018 нисфирӯзӣ вафот кард.

Кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда гуфтанд, ки дар манзили ин хонавода газ мавҷуд набуд ва биноан эҳтимоли аз газ заҳролуд шудани кӯдакон мавҷуд нест.

XS
SM
MD
LG