Ссылки доступа

Қазоқистон содироти бензинро тавассути мошинҳо манъ кард


Мақомоти Қазоқистон аз 2 ноябри соли равон содироти бензину сӯзишвории дизелиро тавассути мошинҳо ба муҳлати 6 моҳ манъ карданд.

Дар ин бора дар қарори муштараки вазоратхонаҳои энергетика, молия умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфта шудааст. Қарор дар портали ҳуқуқии "Адолат" нашр шуд.

Тобистони соли 2019 мақомоти Қазоқистон ошкор карданд, ки ронандаҳои рус дар минтақаҳои марзӣ барои харидории бензини арзон ба ин кишвар ворид мешаванд. Нархи бензин нисбат ба нархи нуқтаҳои фурӯши Русия тақрибан якуним баробар арзон аст.

Российские водители едут в Казахстан за дешевым бензином
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:05 0:00

Вазири энергетикаи Қазоқистон Канат Бозумбоев гуфт, бензини қазоқӣ ба далели арзон буданаш ба Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон содир мешавад. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, дар минтақаи марзӣ бо Русия рӯзона садҳо мошин барои бензин ба ин кишвар ворид мешаванд. "Мошинҳои сабукрав бо зарфҳои 20-литрӣ ва мошинҳои боркаш бакҳои иловагӣ насб карда, садҳо ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва бензини моро ба кишварҳои ҳамсоя содир мекунанд. Яъне, мо ба иқтисоди бегона кумак мекунем", - изҳор дошт Бозумбоев.

XS
SM
MD
LG