Расонаҳо менависанд, ин нахустин размоиши муштараки ду кишвар дар 15 соли охир аст.
Размоишҳое ки аз 4 то 13 ноябр дар ноҳияи Куйчирчики вилояти Тошканд баргузор мешаванд, хосияти зидди террористӣ доранд.
Сингх дар Ӯзбекистон бо мақомҳои дигари ин кишвар дидору гуфтугӯ ва ҳамчунин чанд тафоҳумнома имзо кард. Яке аз тафоҳумномаҳо ҳамкорӣ дар бахши тибби низомӣ ва ду санади дигар таҳсилоти низомиро дар бар мегирад.