Ссылки доступа

Хабаргузории расмии Ӯзбекистон зодрӯзи духтари Мирзиёевро ҳамчун рӯйдоди муҳими рӯз бозтоб кард


Хабаргузории расмии Ӯзбекистон (ӮзА) 4 ноябр зодрӯзи духтари президенти ин кишвар Саида Мирзиёеваро ҳамчун рӯйдоди муҳими рӯз бозтоб кард.

Матни хабари ӮзА чунин оғоз мешуд: "Саида Мирзиёева имрӯз зодрӯзи худро таҷлил мекунад". Дар поён шарҳи ҳоли ӯ оварда шуда буд.

Давоми рӯзи 4 ноябр хабари мазкур дар сархати бахши русии сомонаи хабаргузорӣ қарор дошт.

Ба иттилои ӮзА, Саида Мирзиёева дар риштаи иқтисоди ҷаҳонӣ, дипломатия ва ҳуқуқшиносӣ таҳсил кардааст. Вале дар шарҳи ҳоли ӯ гуфта нашудааст, ки духтари Мирзиёев пеш аз президент шудани падараш дар ҷое кор кардааст ё не.

Саида Мирзиёева духтари калонии президенти Ӯзбекистон буда, моҳи январи соли 2019 муовини мудири Оҷонси иттилоотии назди президент таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом "имиҷи мусбати Ӯзбекистон"-ро дар хориҷ таъмин хоҳад кард.

Духтарони президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов низ дар давраи раҳбарии падарашон маъмуриятҳои дипломатиро бар зимма дошта, аз дахлнопазирӣ бархурдор буданд. Вале зодрӯзи онҳо дар расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла дар ӮзА боре бозтоб нашудааст.

XS
SM
MD
LG