Ссылки доступа

Отамбоев омода аст, президенти кунунии Қирғизистонро бахшад


Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон "омода аст Ҷеенбеков"-ро бахшад. Дар ин бора вакили порлумони Қирғизистон Ирина Карамушкина тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Вай нақл кард, ки ҳамроҳ бо вакилони дигар ба дидорбинии Отамбоев ба боздоштгоҳ рафтааст. Карамушкина менависад, "Отамбоев ба мутолиаву варзиш машғул аст".

"Дар бораи бачаҳое, ки боздошт шудаанд, бештар нигарон аст. Вай мегӯяд, дар сурати исботи ҷурмаш омода аст, бар ивази дигарон ҳам зиндонӣ шавад, аммо хоҳиш дорад, ки дигаронро озод кунанд. Онҳо чи гуноҳе кардаанд? Онҳо президенти пешинро аз беқонунӣ ҳифз кардаанд ва рӯзи 8 август бисёриҳо ба деҳаи Кой-Тош ба он хотир рафтанд, ки ба амалҳои ҷиноии мақомот зиддият нишон диҳанд. Дар охир вай (Отамбоев) гуфт, ки омода аст, Ҷеенбековро бахшад", - навишт вакили порлумон.

Рӯзҳои 7-8 август дар деҳаи Кой-Тоши ноҳияи Аламудини Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай то 26 октябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG