Ссылки доступа

Сафири ИМА дар ИА: кумак ба Киев аз тафтиши фаъолияти писари Байден вобаста буд


Гордон Сондланд

Азсаргирии кумаки низомӣ ба Украина, ки тобистони соли равон президенти ИМА Доналд Трамп онро ба таъхир андохта буд, аз тафтиши фаъолияти Ҳантер Байден, писари муовини пешини президент ва номзади кунунӣ ба мақоми президентии Амрико вобаста аст.

Ин нукта дар иловаҳо ба баёноти сафири ИМА дар Иттиҳоди Аврупо (ИА) Гордон Сондланд дар Конгресс зикр шудааст.

Сондланд чанд ҳафта пеш дар Конгресс аз посух ба суол дар бораи ба таъхир афтодани кумаки низомӣ ба Украина фирор карда, гуфт, ки ҳамаи ҷузъиёти ҳодисаро дар ёд надорад. Дар иловаҳо ба баёноти сафир, ки рӯзи сешанбе нашр шуд, омадааст, Сондланд 1 сентябри соли равон ба ёвари президенти Украина Андрей Ёрмак гуфтааст, "то Киев изҳороти зиддикоррупсиониеро, ки чанд ҳафта мешавад баррасӣ дорем, нашр накунад, кумаки низомӣ аз сар гирифта намешавад". Сухан аз изҳороте меравад, ки бояд дар он номи ширкати "Бурисма" зикр мешуд ва яке аз мудирони ширкат писари муовини пешини президенти ИМА Ҷо Байден -- Ҳантер Байден буд.

Ба гуфтаи Сондланд, ки бо дастури Трамп сиёсати маъмурияти президентро нисбат ба Украина ҳамоҳанг мекард, худи раисҷумҳур дар бораи шартҳои азсаргирии кумаки низомӣ чизе нагуфтааст. Трамп дар суҳбати телефонӣ танҳо гуфтааст, "ман мехоҳам, президенти Украина Владимир Зеленский кореро анҷом диҳад, ки дуруст аст". Сондланд мегӯяд, "ман пешбинӣ кардам, ки президент тафтишот зидди "Бурисма"-ро мехоҳад".

Чандин кумитаи Маҷлиси намояндагони ИМА тафтиш доранд, ки оё президент Трамп қатъи кумаки низомиро ба Украина ҳамчун таҳдид истифода бурдааст ё не. Посухи мусбат ба ин суол барои изҳори нобоварӣ ба Трамп асос хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG