"Ман асосан дар Қазоқистон зиндагӣ мекунам. Вале зимистон ба Ӯзбекистон меравам, чун онҷоро меписандам. Мехостам, ба Бухоро равам. Вақти гузаштан аз нуқтаи назоратӣ шиносномаи маро гирифтанд ва гуфтанд, ки мунтазир бимонам. Чанд лаҳза баъд гирифта, ба толори парвоз бурданд ва гуфтанд, ки маро ба Алмато бозпас мефиристанд. Гӯиё вурудам ба Ӯзбекистон манъ будааст, вале сабабҳояшро нагуфтанд. Танҳо гуфтанд, ки "мо як марзбони одӣ ҳастем ва сабабҳояшро аз Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон пурсед", - изҳор дошт Бунин.
Ба гуфтаи Бунин, марзбонони ӯзбек ҳангоми ихроҷи ӯ ба дасташ номаеро низ додаанд, ки дар он навишта шудааст: "Шояд шумо медонед, ки барои чи ба Ӯзбекистон роҳ намеёбед".
Пажуҳишгар Евгений Бунин бар ин аст, ки ӯро ба хотири таҳқиқоташ ба Ӯзбекистон роҳ надоданд. "Сад дарсад бовар дорам, ки манъи вуруди ман ба таҳқиқот рабт дорад. Зимистони гузашта ман дар Ӯзбекистон се-чор моҳ зиндагӣ ва ба сиёсати дохилии он кишвар дахолат накардам. Танҳо бо мушкили минтақаи Шинҷони Чин машғул будам", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Бубин, ӯ ду моҳ пеш бо даъвати таърихшиноси ӯзбек Анвар Назир ба Тошканд рафта буд. "Ман дар мулоқоте иштирок кардам, ки ӯ баргузор кард. Мо ҳамроҳ бо 10-15 фаъоли мадании маҳаллӣ ҷамъ шудем. Бо онҳо дар бораи вазъи Шинҷон суҳбат кардем. Зоҳиран барои ин маро ба Ӯзбекистон роҳ надоданд", - афзуд донишманд.