Ссылки доступа

Дар Қирғизистон талаб доранд, ба истифодаи дурбинҳои чеҳрашинос моратория эълом шавад


Кумитаи назорати шаҳрвандӣ дар Қирғизистон, ки ба ҳайати он фаъолони маданӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ шомиланд, даъват доранд, ба истифодаи густардаи дурбинҳои назоратии чеҳрашинос дар ин кишвар моратория эълом карда шавад.

Фаъолони қирғиз мегӯянд, назорати густардаи сокинон дахолати хеле хатарнок ба ҳуқуқ ва ҳаёти шаҳрвандон аст.

Узви кумита Динара Ошурахунова гуфт, истифодаи чунин дурбинҳо бидуни таъмини амнияти сокинон дар баробари онҳо кори нодуруст аст.

"Ба ҳама маълум аст, ки низоми додгоҳӣ фасодолуд буда, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷинояткорон ҳамкорӣ мекунанд. Кӣ медонад, ки дар чунин вазъ маълумот дар бораи шаш миллион шаҳрванд чи гуна истифода мешавад?", - афзуд Ошурахунова.

Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон чанде пеш дурбинҳои чеҳрашинос насб карданд. Онҳоро ширкати чинӣ аз ҳисоби худ насб кардааст. Ба иттилои пулиси Қирғизистон, қарор аст, танҳо дар Бишкек 1 ҳазор дурбини чеҳрашинос насб шаваб.

XS
SM
MD
LG