Ссылки доступа

Вазир: соли 2019 дар Қазоқистон беш аз 13 ҳазор саҳифаи интернетӣ маҳдуд шудааст


Дар Қазоқистон аз оғози соли ҷорӣ бештар аз 13 саҳифаи интернетӣ маҳдуд шудааст, ки ба бовари мақомот, муҳтавояшон аз таблиғоти терроризм иборат буд. Дар ин бора Даврон Абаев, вазири иттилоъ ва рушди ҷомеаи Қазоқистон рӯзи 6 ноябр хабар дод.

"Аз оғози соли ҷорӣ бо тартиби тавсия ба соҳибон ва муҳаррирони манобеи интернетӣ бештар аз 25 ҳазор матолиби мухолиф ба қонунгузорӣ пок карда шуд. Ба бештар аз 13 ҳазор маводи дигар дастрасӣ маҳдуд шуд, ки муҳтавояшон аз таблиғи ақидаи терроризм ва тундгароӣ иборат буд", - гуфт Абаев.

Мақомоти Қазоқистон ҳамасола дар бораи мубориза бо таблиғи терроризм ва тундгароӣ дар Интернет иттилоъ медиҳанд, аммо боре ҳам рӯйхати сомонаҳои басташударо нашр накардаанд. Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, раванди маҳдудсозии сомонаҳои интернетӣ бояд шаффоф бошад, зеро мумкин аст, бо баҳонаи мубориза зидди тундгароӣ сомонаҳои барои мақомот номақбул ҳам баста шаванд.

Дар гузориши солонаи созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Freedom House, ки 5 ноябр нашр шуд, Қазоқистон дар миёни кишварҳое ҷой гирифтааст, ки озодии Интернет ба таври қобили мулоҳиза маҳдуд мешавад.

XS
SM
MD
LG