Ссылки доступа

Сокинони Самарқанд бинокорони туркро латукӯб карданд (видео)


Дар яке аз сохтмонҳои маҳаллаи Қарасӯи шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон, ки ба ширкати "Agromir Buildings" тааллуқ дорад, задухурди гуруҳӣ сурат гирифт.

Дар навор дида мешавад, садҳо мард ба як гуруҳи кӯчаке ҳамла доранд, ки дар даромадгоҳи бинои навсохте паноҳ бурдаанд. Яке аз шоҳидони ҳодиса гуфт, дар ин навор лаҳзаи латукӯб шудани коргарони турк аз сӯи шаҳрвандони Ӯзбекистон сабт шудааст.

"Вақте ба ҷои кор рафтам маъмурони пулис ва Горди миллӣ маҳалли сохтмонро иҳота карда буданд. Ҳеч касро ба онҷо роҳ намедоданд. Дертар фаҳмидам, ки коргарони маҳаллӣ бинокорони туркро латукӯб кардаанд. Талафоти ҷонӣ нест, вале бархеҳо сахт захмӣ шудаанд", - гуфт яке аз кормандони ширкати "Agromir Buildings".

Як ҳамсуҳбати мо аз шаҳри Самарқанд гуфт, задухӯрд миёни коргарони маҳалливу турк субҳи 6 ноябр сар зада, тақрибан се соат идома кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи он шахсони зиёд осеб дидаанд.

"Тибқи фарзияи пешакӣ, бинокорони турк гӯиё зани маҳаллиеро таҷовуз кардаанд, ки дар ошхонаи сохтмон кор мекард ва ин боиси сар задани задухӯрд шудааст. Фарзияи дувум: сокини маҳаллӣ эътироз кардаанд, ки бинокорони турк баробари онҳо кор мекунанд, вале маоши баланд мегиранд. Ба назари ман, дувумӣ ба ҳақиқат наздик аст. Раҳбарияти ширкат ба бинокорони турк 1000-долларӣ ва ба сокинони маҳаллӣ 100-долларӣ медиҳад", - изҳор дошт як коргари дигари ширкат.

Як манбаъ аз Самарқанд гуфт, сафири Туркия дар Ӯзбекистон пас аз се соати ҳодиса ҳамроҳи вазире ба маҳалли сохтмон рафтааст. "Онҳо ҳамаро тарс доданд, ки хабари задухӯрд бояд паҳн нашавад. Маҳалли сохтмонро иҳота карда, талош доранд, ки аксу видеои занозанӣ расонаӣ нашавад", - гуфт коргаре, ки наворро фиристод.

XS
SM
MD
LG