Ссылки доступа

Ҳамҷинсгарои ғайбзадаи туркман аз худ дарак дод


Қосимбердӣ Гараеви 24-сола, ҳамҷинсгарои туркман, ки 25 октябри соли равон пас аз даъват ба идораи пулис бедарак гашта буд, дар хонааш пайдо шуд.

Гараев, ки волидон, хоҳару бародараш низ бедарак шудаанд, дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ 6 ноябр гуфт, бо хабарнигорони ин радио ягон бор суҳбат накардааст ва тамоси видеоии худ тавассути паёмакрасонро низ рад кард.

Вай ҳамчунин гуфт, тамоми суханҳое, ки дар бораи ӯ навишта шудаанд, ҳақиқат надоранд. Гараев моҳи гузашта дар як суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи мушкили ҳамҷинсгароён дар Туркманистон, аз ҷумла саргузашти худ суҳбат карда буд.

Ба гуфтаи ӯ, муроҷиати видеоии ӯ ба волидонаш, ки дар он аз онҳо узр пурсида буд, бо ҳадафи дигар сабт гашта, иштибоҳан ба бахши туркмании Радиои Озодӣ фиристода шудааст.

Қосимбердӣ Гараев қаблан дар суҳбат бо радио гуфта буд, ки бо вуҷуди фаъолияти амакаш дар хадамоти муҳофизати президенти Туркманистон зери фишор аст. Ба гуфтаи Гараев, ӯ баъд аз таҳсил дар Белорус ба ватан баргашта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавоне шинос шуд ва дертар маълум гашт, ки ба доми кормандони пулис афтидааст. Агар ӯро падару амакаш наҷот намедоданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуд.

Гараев 24 октябр, пас аз чанд рӯзи нашри суҳбаташ дар сомонаи бахши туркмании Радиои Озодӣ ба пулис даъват шуд. Баъди даъвати Гараев ба идораи пулис тамосҳо бо ӯ қатъ шуданд. Дар матлаб номи Гараев иваз ва танҳо синаш зикр гашта буд.

Дар Туркманистон ҳанӯз ҳам барои ҳамҷинсгароӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.

Дар бемористони шаҳри Ишқобод, ки Гараев онҷо кор мекард, ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, "табибе бо ин ном дигар надорем".

XS
SM
MD
LG