Ссылки доступа

Қирғизистон Рӯзҳои таърих ва ниёконро ҷашн мегирад


Дар Қирғизистон 7 ва 8 ноябр Рӯзҳои таърих ва ниёконро ҷашн мегиранд. Бахшида ба ин ҷашн қирғизистониҳо чаҳор рӯз - аз 7 то 11 ноябр истироҳат мекунанд.

Рӯзҳои таърих ва ниёкон дар Қирғизистон аз соли 2018 ба ин сӯ таҷлил мешавад. То он замон дар ин кишвар 7 ноябр Рӯзи инқилоби Октябр таҷлил мешуд. Президенти вақти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 26 октябри соли 2017 бо имзои як фармон 7-8 ноябрро Рӯзҳои таърих ва ниёкон эълом кард.

Президенти кунунии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков сокинони кишварашро бо ҷашни мазкур табрик кард.

"Дар ин рӯзҳо саҳифаҳои сарнавиштсози таърихи худро ба ёд оварда, ёди гузаштагонамонро гиромӣ хоҳем дошт. Аҷдодони мо бароямон таърихеро туҳфа кардаанд, ки аз он ифтихор дорем", - омадааст дар табрикоти президенти Қирғизистон.

Дар Қирғизистон 7 ноябр ҳамчунин рӯзи иди касбии рӯзноманигорон таҷлил мешавад. Ҳайати эҷодии Бахши хабарии Осиёи Марказӣ ҳамкорони худро бо ин рӯз табрик гуфта, барояшон комёбӣ таманно мекунанд.

XS
SM
MD
LG