Ссылки доступа

Шаҳрвандони Қирғизистон барои баргардонидани набераҳояшон аз Сурия аз президент кумак хостанд


Гуруҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон ба воситаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков дархост карданд, ки барои баргардонидани фарзандон ва набераҳояшон аз Сурия кумак кунад.

"Ман духтарамро чор солу шаш моҳ надидаам. Ӯ ҳоло кӯдак таваллуд кардааст. Мо бо ӯ ба воситаи телефон суҳбат мекунем, хеле гиря мекунад. Ҳоло 20 сол дорад. Вақте рафта буд, 17-сола буд. Муҳтарам президент ба мо кумак кунед", - гуфт сокини вилояти Чӯй Гул Шарипова, ки духтараш соли 2015 ба Сурия рафтааст.

Сокини вилояти Иссиқкӯл бо номи Чолпон гуфт, духтари ӯ ҳамроҳи шавҳараш соли 2014 ба Сурия рафт. "Ҳар рӯз гиря мекунанд. Баргашта наметавонанд. Мегӯяд, модар моро фиреб доданд. Умеди охирини мо аз шумо аст ва бовар дорем, ки онҳоро бармегардонед. Онҳо дар хайма зиндагӣ мекунанд ва кӯдаконашон беморанд. Ҳеч гуна кумакеро ҳам дарёфт намекунанд", - изҳор дошт ӯ дар муроҷиат ба Ҷеенбеков.

Мирлан Тургунбоев, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон миёнаҳои моҳи октябри соли равон гуфт, дар урдугоҳҳои Сурия наздики 500 қирғизистонӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Ба гуфтаи вай, музокираҳо барои баргардонии занону кӯдакон аз урдугоҳҳо ба Қирғизистон идома доранд. "Корҳои шиносоии шахсияти шаҳрвандони мазкур идома доранд. Бештар аз 500 қирғизистонӣ дар урдугоҳҳо ва зиндонҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Талошҳо барои баргардонии онҳо давом дорад", - гуфт Тургунбоев.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки дар Қирғизистон бо роҳбарии ноиб-сарвазир Жениш Раззоқов гуруҳи корие барои баргардонии қирғизистониҳо аз Сурияву Ироқ таъсис шудааст. Гуфта мешавад, дар минтақаҳои ҷангии Ироқ 78 кӯдаки шаҳрвандони Қирғизистон қарор дорад, ки модаронашон дар зиндон ҳастанд.

Ба иттилои расмӣ, дар солҳои 2013-2014 наздики 800 қирғизистонӣ ба сафи ҷангҷӯёни Сурияву Ироқ пайвастаанд. Аз ин шумор 150 танашон зан буданд.

XS
SM
MD
LG