Ссылки доступа

Марги Давлатназар Рӯзматов - рӯзноманигори ӯзбекистонӣ дар садамаи нақлиётӣ (видео)


Рӯзноманигор Давлатназар Рӯзматов (Давлат Назар), ки ба инъикоси масоили Хоразми Ӯзбекистон машғул буд, шоми 6 ноябр дар садамаи нақлиётӣ вафот кард.

В Хорезме машина насмерть сбила журналиста Давлатназара Рузметова
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:43 0:00

Ба гуфтаи наздикони Назар, ӯро 7 ноябр ба хок супурданд.

Ду тан аз ҳамсуҳбатони рӯзноманигор дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, ки Давлат Назар шоми 6 ноябр аз қаҳвахона берун ва савори мошини кироя (таксӣ) сӯи хонааш равон шуд. Ҳоло дақиқ нест, ки вай дар куҷо аз мошини кироя берун шуда ва чаро зери чархи мошини дигар ҷон додааст. Айни ҳол ронандаи таксӣ ба бозпурсӣ даъват ва ронандаи мошине, ки рӯзноманигорро пахш кард, боздошт шудааст.

Давлат Назар, ки бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекард, мегуфт, вақтҳои охир назорат мешавад. "Ман наметавонам аз хона берун шавам. Аз ду сӯи кӯча нигаҳбонон нишастаанд", - гуфта буд Давлатназар 12 октябр.

Додситонии кулли Ӯзбекистон хабари марги рӯзноманигорро нашр кард. Ба иттилои додситонӣ, Давлат Назар дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст.

Мудири Оҷонси иттилоот ва иртибототи оммавии назди Дастгоҳи президенти Ӯзбекистон Комил Алламҷонов дар робита ба даргузашти рӯзноманигор изҳори ҳамдардӣ кард.

Давлатназар Рӯзматови 48-сола, ки бо имзои Давлат Назар мақола менавишт, пештар дар нашрияи "Ёшлар овозӣ" (Овози ҷавонон)-и вилояти Хоразм кор мекард. Солҳои охир бо нашрияи иҷтимоиву сиёсии "Ҷамъият" ҳамкорӣ дошт.

Давлат Назар яке аз корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук буд. Ду соли охир вай барои назарҳо ва мақолаҳои танқидиаш борҳо боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG