Ссылки доступа

Зоймон рӯи фарш. Вазъи номуносиби таваллудхонае дар Ӯзбекистон (видео)


Дар ноҳияи Косони вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон дар робита ба корҳои таъмирӣ дар таваллудхона давоми се ҳафта занон маҷбур буданд, бо навзодонашон рӯи фарш хоб раванд.

В Касанском роддоме рожениц с новорожденными детьми разместили на полу
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:08 0:00

Дар навор ва аксҳое, ки аз таваллудхона бардошта шудааст, дида мешавад, ду зан рӯи курпа нишаста ва як зани дигар хоб рафтааст.

Занон мегӯянд, ин навор 15 октябр сабт шудааст.

Яке аз хоҳарони шавқат аз таваллудхонаи ноҳияи Косон тасдиқ кард, ки ба далели корҳои таъмирӣ занон маҷбур буданд, рӯи фарш хоб раванд.

Ин бори аввал нест, ки дар Ӯзбекистон навзодонро рӯи фарш ҷо мекунанд. Як чунин ҳодиса дар моҳи июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷони Ӯзбекистон сабт шуда буд.

XS
SM
MD
LG