Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат, рӯзи 21-уми ноябр гуфт, ин афрод асосан ба дуздӣ ва як нафар ба таҷовуз ба номус муттаҳам аст. Бархе аз коршиносоне, ки ин мавзуъро пайгирӣ доранд, тахмин мезананд, ки ба эҳтимоли зиёд бекорӣ ва набуди шароит барои ба ҳаёти маъмулӣ баргаштани маҳбусони пешин ба ин вазъ сабаб шудааст.
"Чанд нафар афвшуда аллакай ҷиноят содир кардаанд. Баъзе аз ин ҳодисаҳо баъд аз як рӯзи татбиқи қонуни афв рӯй додааст. Дар ноҳияи Вахш ҳатто таҷовуз ба номусро сабт карданд. Ин шумора аз 50-60 нафар гузаштааст. Ин рақамест, ки то ду ҳафтаи баъд аз иҷро шудани афвро дар бар мегирад", – гуфт Умарҷони Эмомалӣ.
Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабабҳои дубора ба ҷиноят даст задани зиндониёни афвшударо ба "омода набудани онҳо ба зиндагии маъмулӣ" рабт дод.
Дар ҳамин ҳол, маълум нест, мақомоти Тоҷикистон барои ба ҳаёти маъмулӣ баргаштани зиндониёни афвшуда чӣ барномаеро рӯйи даст гирифтаанд ва дар муддати тақрибан як моҳи иҷрои ин қонун чӣ қадар аз маҳбусони пешин бо кор таъмин шудаанд ва ё кумакпулӣ гирифтаанд.
Ду сол пеш Додситони кулли Тоҷикистон мақомоти маҳаллиро муваззаф карда буд, ки маҳбусони пешинро ба кор таъмин намоянд. Аммо баъзе аз маҳбусони собиқ аз он нигаронӣ доранд, ки аксари идораҳо бо ишора ба доғи судии онҳо ҷойи кор нахоҳанд дод.
Наргис Зокирова, мудири Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонун, шаш сол боз ба мушкили баргашти маҳбусони пешин ба зиндагии маъмулӣ сару кор дорад. Ӯ дар оғози моҳи ноябр гуфт, "давлат ёрӣ мерасонад, вале барои ҳалли муассири масъала барномаи комил зарур аст."
Қонуни нави афв дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябри имсол қабул ва мавриди иҷро қарор гирифт. Бино ба он, беш аз ҳафт ҳазор нафар аз зиндон озод ва муҳлати ҳабси бархеи дигар кам карда хоҳад шуд. Дар маҷмуъ, қонун нисбат ба 20 ҳазор нафар татбиқ мегардад.
Ҳафтаи гузашта мақомоти идораи зиндонҳои Тоҷикистон дар гузорише ба раиси ҷумҳур гуфтаанд, ки то ин дам беш аз шаш ҳазор нафар аз маҳбасҳо раҳо карда шудаанд.