Ссылки доступа

Охирин ҷаласаи бози Палатаи намояндагон дар робита ба изҳори нобоварӣ ба Трамп


Палатаи намояндагони Конгресси ИМА рӯзи панҷшанбе дар доираи тафтиши эҳтимоли изҳори нобоварӣ ба президент Доналд Трамп ҷаласаи бози навбатиро баргузор кард.

Дар ҷаласаи Кумитаи иктишофии палата рӯзи панҷшанбе Фиона Ҳилл – корманди пешини Шӯрои амнияти миллӣ ва масъули муносибатҳо бо Русияу Украина ва Дэвид Ҳолмс, собиқ корманди сафорати ИМА дар Киев бозпурсӣ шуданд.

Телевизиони "Настоящее Время" бо забони русӣ рафти ҷаласаро мустақим нишон дод.

Ҳолмс дар ҷаласа гуфт, моҳи марти соли 2019 ба сиёсати ИМА нисбат ба Украина аз ҳама бештар ҳуқуқшиноси президент Трамп Рудӣ Ҷулиан ва ёварони ӯ таъсир расонданд. Дар қазияи иддаои додситони кулли пешини Украина Юрий Лутсенко зидди сафири ИМА дар Киев Мари Йованович, ки бо барканории дипломат анҷомид, Ҷулиан даст доштааст. Ҳолмс афзуд, ки 26 июли соли равон шоҳиди суҳбати телефонии Трамп бо сафири ИМА дар Иттиҳоди Аврупо Гордон Сондланд низ шудааст ва ҷонибҳо дар он масъалаи оғози тафтишот зидди писари рақиби Трамп Ҷо Байденро дар Украина баррасӣ карданд.

Трамп суханҳои Ҳолмсро зери суол қарор дода, гуфт, ӯ ҳангоми суҳбати онҳо дар канори Сондланд буд ва гумон аст, ки суханҳои президентро шунида бошад.

Фиона Ҳилл дар ҷаласа гуфт, ба назари ӯ, Украина соли 2016 ба воситаи маҳсулоти таблиғотии Русия ба интихоботи президентии ИМА дахолат кардааст. Пештар худи Трамп ва як қатор ҷумҳурихоҳон низ тасдиқ карда буданд, ки эҳтимоли кумаки мақомоти расмии Украина ба демократҳо дар интихоботи президентии соли 2016 вуҷуд дорад.

Пештар Ҳилл ва Ҳолмс дар ҷаласаҳои пӯшида баёнот дода буданд. Аз ҷумла Ҳилл гуфта буд, ёвари пешини Трамп дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон аз он норозӣ буд, ки Рудӣ Ҷулиан роҳҳои тамос бо мақомоти расмии Украинаро меҷуст ва дар ин замина аз кумаки хидматчиёни давлатии Амрико истифода мебурд.

Ба эҳтимоли зиёд, ҷаласаи рӯзи панҷшанбе охирин ҷаласаи боз дар Палатаи намояндагони Конгресс буд. Акнун Кумитаи иктишофӣ бояд дар асоси баёноти шоҳидон санад тартиб дода, ба кумитаи ҳуқуқи палата фиристад. Дар натиҷа ин кумита тасмим хоҳад гирифт, ки зидди Трамп айб эълом шавад ё не.

Кумитаҳои Палатаи намояндагони Конгресс тафтишоти эҳтимоли изҳори нобоварӣ ба Трампро пас аз як суҳбати телефонии ӯ бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский оғоз карданд. Демократҳо, ки аксариятро дар палатаи мазкур ташил медиҳанд, мегӯянд, Трамп дар ин суҳбат ба Зеленский фишор овардааст, ки зидди писари рақиби сиёсияш дар Украина тафтишотро оғоз кунанд.

XS
SM
MD
LG