Ссылки доступа

Табиби гумонбар дар пайвандсозии ғайриқонунии гурда дар Қазоқистон 2 моҳ ҳабс шуд


Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 20 ноябр Абилой Донбой, сардухтури бемористони №1 шаҳри Чимкентро ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Ин табиб дар пайвандсозии ғайриқонунии гурда гумонбар мешавад. Донбойи 37-сола моҳи марти соли ҷорӣ сардухтур таъйин шуда буд.

Мақомоти ҳифзи сиҳатии шаҳри Чимкент хабар медиҳанд, ки ба ҷуз аз Абилой Донбой сардухтури пешин Мадӣ Бигалиев ҳам ҷарроҳии пайвандсозии гурда анҷом додааст. Ҷасади Мадӣ Бигалиеви 62-сола моҳи феврали соли ҷорӣ дар манзилаш пайдо шуд. Мақомот мегӯянд, вай худкушӣ кардааст.

Ба иттилои мақомот, амалиёти пайвандсозии гурда дар Чимкент аз соли 2013 ба ин тараф сурат мегирифт. Танҳо дар соли 2014 106 амалиёт анҷом шудааст.

"Асосан шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Украина ба далели вазъи сахти моддиашон гурда мефурӯхтанд ва муштариҳои бемористон асосан шаҳрвандони хориҷи дур, аз ҷумла Исроил буданд", - иттилоъ медиҳанд мақомоти Қазоқистон.

Абилой Донбой бо моддаҳои "Ширкат дар гуруҳи ҷиноии фаромиллӣ" ва "Буридани ғайриқонунии аъзои инсон" айбор мешавад. Пештар аз ин чанд тан аз табибони дигар бо айни ҳамин айбҳо боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG