"Ғорати сартосарии пулҳои давлати Қирғизистон ошкор карда шуд. Transparency International қазияро бодиққат пайгирӣ намуда, таҳқиқи комили онро талаб мекунад", - омадааст дар изҳороти созмон дар Твиттер. Transparency International соли 1993 таъсис ёфта, бахшҳои он дар беш аз 100 кишвари дунё фаъолият мекунанд.
Бунёди таҳқиқоти рӯзноманигорӣ низ дар робита матлаби мазкур изҳорот нашр кард: "Аз мақомоти қирғиз чораҳои таъхирнопазирро дар робита ба далелҳое талаб мекунем, ки дар таҳқиқоти муштараки рӯзноманигорон оварда шудаанд. Ҳамчунин бояд амнияти рӯзноманигороне таъмин карда шавад, ки ин таҳқиқотро анҷом додаанд. Аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкорони худ дар расонаҳои Қирғизистон даъват мекунем, ки муттаҳид шуда, ин самтро дастгирӣ кунанд ва ба тақвияти жанри таҳқиқоти рӯзноманигорӣ бетараф набошанд".
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд. Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.