Ссылки доступа

Дар Эрон 180 роҳбари эътирозҳои зиддиҳукуматӣ боздошт шуд


Наздики 180 иштирокчии эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон боздошт ва ҳабс шудаанд, хабар медиҳанд расонаҳои эронӣ. Расонаҳо аз боздоштшудаҳо роҳбарони эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ном мебаранд.

Боздоштшудҳо дар ҳамла ба кормандони пулис, оташзанӣ ва даъватҳои ғайриқонунӣ тавассути интернет айбдор мешаванд.

Эътирозҳои оммавӣ дар Эрон миёнаҳои моҳи ноябр шуруъ шуд. Дар ибтидо мардум аз болоравии қимати бензин эътироз доштанд, аммо ин эътирозҳо якбора ба намоиши зиддиҳукуматӣ табдил шуданд. Бархе аз ширкатдорон зидди дини расмӣ будани ислом дар Эрон шиор доданд. Пулис ва неруҳои вижаи Эрон эътирозҳоро пароканда карданд.

Ҳукумати Эрон "душманони хориҷӣ" ба шумули Амрико, Арабистони Саудӣ, Исроил ва “унсурҳои ҷиноӣ”-ро омилҳои тазоҳурот ва нооромиҳо дар Эрон номид. Баъди сар задани тазоҳуроти густурда дар Эрон ҳукумат дастрасӣ ба Интернетро дар саросари кишвар қатъ кард, ҳарчанд созмонҳои нозир гуфтанд, дар ду рӯзи гузашта дастрасӣ барқарор шудааст. Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи тазоҳурот 5 нафар ба ҳалокат расидаанд, вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Афви Байналмилал гуфт, теъдоди қурбониён бештар аз 100 нафар будааст.

XS
SM
MD
LG